Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа, корманди шоистаи Тоҷикистон Искандар Асадуллоев ба узвияти Ҷамъияти байнулмилалии Гегел пазируфта шуд.
Дафтари кории Ҷамъияти байнулмилалии Гегел дар шаҳри Бердин воқеъ буда, 300 нафар олимони сайёра аъои он мебошанд.
Узви нави ҷамъият – Искандар Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шарти асосии узвият ба ин созмони маъруф – анҷом додани пажӯҳиши асарҳои файласуфи машҳури Олмон Георг Вилгелм Фридрих Гегел мебошад. «Соли 2007 ба ман даъват карда буданд, ки аъзои ин ҷамъият гардам, вале бо назардошти баъзе сабабҳо ман онро мавқуф гузошта будам», – гуфт ӯ.
Мавсуф гуфт, чанде қабл бори дигар аз ҷониби ҷамъият даъватнома ирсол гардида, ӯ розӣ шудааст ва 1-уми март посух расидааст, ки ӯ ба узвияти ҷамъият пазируфта шудааст.



