Дар Тоҷикистон бонки генетикии растаниҳо таъсис меёбад

Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мусоидати Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва дар ҳамдастӣ бо Агентии ҳамкории байнулмилалӣ ва рушди Шветсия ( SIDA ) ахири соли 2010 дар заминаи Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ бонки генетикии растаниҳо таъсис дода мешавад. Тавре ҳамоҳангсози лоиҳаи агентии Шветсия Ҳафизулло Мӯъминҷонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Вазорати кишоварзӣ баҳри […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мусоидати Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва дар ҳамдастӣ бо Агентии ҳамкории байнулмилалӣ ва рушди Шветсия (


SIDA


) ахири соли 2010 дар заминаи Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ бонки генетикии растаниҳо таъсис дода мешавад.




Тавре ҳамоҳангсози лоиҳаи агентии Шветсия Ҳафизулло Мӯъминҷонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, Вазорати кишоварзӣ баҳри амалисозии ин мақсад аллакай бино ҷудо намуда, аз ҷониби агентии Шветсия ҷиҳати таъмир ва тайёр кардани мутахассисон 1 млн.


$


маблағ ихтисос дода шудааст.



Мавсуф мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси бонк – нигаҳдории навъҳои нодири растании кишвар ва пешгирии онҳо аз нестшавӣ, истифодаи пурсамари онҳо дар равандҳои селексионӣ барои ихтирои навъҳои нави растьанӣ мебошад.



Ба гуфтаи ӯ, моҳи январи соли ҷорӣ 4 нафар корманди Маркази миллии захираҳои генетикӣ дар бонки генетикии Скандинавия таҷриба андӯхтанд.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер