Омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҶТ ба узвияти Ҷамъияти байнулмилалии Гегел пазируфта шуд

Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа, корманди шоистаи Тоҷикистон Искандар Асадуллоев ба узвияти Ҷамъияти байнулмилалии Гегел пазируфта шуд. Дафтари кории Ҷамъияти байнулмилалии Гегел дар шаҳри Бердин воқеъ буда, 300 нафар олимони сайёра аъои он мебошанд. Узви нави ҷамъият – Искандар Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Виктория Наумова


Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Омӯзгори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори улуми фалсафа, корманди шоистаи Тоҷикистон Искандар Асадуллоев ба узвияти Ҷамъияти байнулмилалии Гегел пазируфта шуд.




Дафтари кории Ҷамъияти байнулмилалии Гегел дар шаҳри Бердин воқеъ буда, 300 нафар олимони сайёра аъои он мебошанд.



Узви нави ҷамъият – Искандар Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки шарти асосии узвият ба ин созмони маъруф – анҷом додани пажӯҳиши асарҳои файласуфи машҳури Олмон Георг Вилгелм Фридрих Гегел мебошад. «Соли 2007 ба ман даъват карда буданд, ки аъзои ин ҷамъият гардам, вале бо назардошти баъзе сабабҳо ман онро мавқуф гузошта будам», – гуфт ӯ.



Мавсуф гуфт, чанде қабл бори дигар аз ҷониби ҷамъият даъватнома ирсол гардида, ӯ розӣ шудааст ва 1-уми март посух расидааст, ки ӯ ба узвияти ҷамъият пазируфта шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер