Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кишоварзони вилояти Хатлон, ки соли равон пеш аз мӯҳлат – барвақттар ба киштукори баҳорӣ шурӯъ карданд, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, то имрӯз дар майдони 20,4 ҳазор гектар асосан киштукори зироати ғалладлонаро ба анҷом расониданд, ки ин нишондиҳанда 53,3 дарсади нақшаи пешбинишударо барои соли равон ташкил медиҳад ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 12,5 ҳазор гектар бештар аст.
Тавре аз раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, соли гузашта бар асари номусоидии обуҳаво танҳо аввалҳои моҳи март муяссар гардида буд, ки ба киштукор оғоз намоянд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар вилоятҳои Суғду ноҳияҳои тобеи марказ низ чанд рӯзе қабл ба киштукори баҳорӣ шурӯъ намуда, киштукорро дар 4 ҳазор гектарӣ замин анҷом додаанд. «Дар ВМКБ киштукори баҳорӣ ахир моҳи март сурат мегирад, зеро обуҳавои ин минтақаи кишвар нисбат ба дигар минтақаҳо сардтар аст», – гуфт манбаъ.
Ҳамин тариқ, то имрӯз кишоварзони мамлакат аз нақшаи пешбинишудаи 134 ҳазору
170 гектар
кишти зироати ғалладона ва сабзавот дар майдони наздик ба 30 ҳазор гектар киштукорро ба анҷом расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳазор гектар бештар мебошад.



