Пахши барномаҳои «РТР-Планета» дар Тоҷикистон барқарор мегардад


Душанбе. 4-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мақомоти раҳбарии


Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радио, ки шабакаи «РТР-Планета» шомили он аст, ба талаби ҶСК «Телерадиоком» бобати афзудани ҳаҷми пардохт барои хизматрасонии техникӣ розӣ шуд.




Ёдрас мекунем, ки бинобар ҳал нагардидани масъалаи зиёд кардани тарофаҳои пардохти хизматрасонии техникии ҶСК»Телерадиоком», шурӯъ аз дирӯз пахши барномаҳои ин шабака дар қаламрави Тоҷикистон қатъ гардида буд.



Тавре мудири кулли ҶСК «Телерадиоком»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Сӯҳроб Алиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл аз ширкати Русия ба ҷамъият мактуб расида, ки дар он мақомоти раҳбарии ширкат оид ба зиёд кардани ҳаҷми пардохти хизматрасониҳои ҶСК «Тоҷиктелеком» ба андозаи 50 дарсад дар соли 2009 ва имзои шартнома дар ин бора ризоияти худро изҳор намудааст.



Ба гуфтаи С.Алиев, имрӯз унвонии мақомоти раҳбарии


Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радио номаи ҷавобӣ ирсол гардида, дархост хоҳад гардид, ки фавран шартномаи баимзорасидаро фиристанд, то пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР-Планета» дар қаламрави Тоҷикистон аз нав барқарор карда шавад.








spot_imgspot_img

Популярное