Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Сандуқи қарзии ҶСК «Агроинвестбонк» ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 72 млн. сомонӣ камтар гардид.
Тавре директори департаменти маълумоту таҳлилии бонк Ҷалил Таваккалов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, агар сандуқи қарзии бонк 30-юми сентябри соли гузашта 573 млн. сомониро ташкил медод, ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ он ба 501 млн. сомонӣ баробар шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии қарзи додаи бонк аз оғози сол 47 млн. сомониро ташкил дода, 25,4 млн. сомонии он қарзҳои хурд мебошанд ва ин дар ҳолест, ки дар ду моҳи соли гузашта ҳаҷми қарзи ҷудогардида муодили 196 млн сомонӣ буда, 50 млн. сомонии он қарзҳои Вазорати молия барои маблағгзории хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор буд.
Ҷ.Таваккалов сабаби коҳиши ҳаҷми сандуқи қарзиро ба бӯҳрони молӣ ва кам гардидани ҳаҷми маблағи қарзҳое, ки ба бонк муассисаҳои моливии байнулмилалӣ ҷудо мекунанд, вобаста медонад. «Мақомоти раҳбарии бонк бо шариконии хориҷии худ сраи ин масъала гуфтушунид дорад ва боварӣ дорем, ки аллакай шурӯъ аз моҳи апрел ҳаҷми маблағҳои қарзӣ афзуда хоҳанд шуд», – гуфт вай.



