Олимони Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод дархост мекунанд, ки таҳияи дубораи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумат зудтар ба анҷом ра

            Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз гурӯҳи кории комиссияи байниидоравии зиддибӯҳронӣ оид ба таҳияи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ дархост карданд, ки таҳияи дубораи нақша зудтар анҷом дода шавад.             Директори пажӯҳишгоҳ, доктори улуми иқтисод, профессор Нуриддин Қаюмов мегӯяд дар ҳамаи кишварҳои узви ИДМ чунин […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 6-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Мутахассисони Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз гурӯҳи кории комиссияи байниидоравии зиддибӯҳронӣ оид ба таҳияи нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумати ҷумҳурӣ дархост карданд, ки таҳияи дубораи нақша зудтар анҷом дода шавад.





           

Директори пажӯҳишгоҳ, доктори улуми иқтисод, профессор Нуриддин Қаюмов мегӯяд дар ҳамаи кишварҳои узви ИДМ чунин барнома кайҳо таҳия шуда, ба амалисозии он таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мегардад, вале танҳо дар Тоҷикистон он ҳанӯз рӯи кор гирифта нашудааст, ҳарчанд гурӯҳи кории таҳияи чунин барнома ҳанӯз ахири соли гузашта ташкил гардида буд. «Гурӯҳи кории таҳияи нақшаи зиддибӯҳронӣ танҳо баъди оне, ки онро ба коркарди дубора фиристоданд, назари коршиносони пажӯҳишгоҳро пурсон шуд ва шахсони масъули онро таҳиякарда мавриди интиқоди сарвари давлат қарор гирифтанд. «Мо пешниҳоду хулосаҳои худро ба гурӯҳи корӣ ирсол намудем», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи Н.Қаюмов, онҳо пешниҳод сохтаанд, ки ҳаҷми андоз аз арзиши изофа барои маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум кам гардида, барои молу маҳсулоти дуввумдараҷа афзоиш дода шавад. Ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки тарофаҳои кашонидани бор, хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва истифодаи барқ муваққатан зиёд карда нашавад.




           

Н.Қаюмов хотиррасон кард, ки аллакай як қатор созмонҳои байнулмилалии молиявӣ баҳри дастгирии Тоҷикистон дар замони бӯҳрони молӣ маблағ ҷудо кардаанд ва мебояд барои назорат аз болои масрафи маблағҳои ҷудогардида комиссияи мустақилеро таъсис дод.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.