Кӯлоб. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чӯпони тоҷик аз Шӯрообод муддати як ҳафта аст, ки дар асорати афғонҳо қарор дорад.
Тавре имрӯз раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ҳанӯз дар таърихи 4-уми март ду нафар шаҳрванди Афғонистон, ки бо яроқ мусаллаҳ буданд, сокини деҳаи Одинабои ҷамоати Саричашмаи ноҳия Шермамон Мамоновро гаравгон гирифта, ба самти номаълум ғайб заданд. Тамоми ин муддат кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ баҳри наҷоти ӯ чора меандешанд, вале то ҳанӯз ба ҳеҷ натиҷае нарасидаанд.
Ба гуфтаи раси ноҳия, Ш.Мамонови 41-сола соҳиби панҷ фарзанд буда, аз ҷониби меҳмонони нохонда дар минтақаи харобаҳои Бардар, ки чарогоҳҳои хоҷагии деҳқонии «Сайдамир» он ҷо воқеъанд, гаравгон гирифта шудааст.


