Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ҶСК «Бонки Эсхата» ба маблағи 43 млн. сомонӣ қарз ҷудо намуд.
Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қисмати асосии қарз баҳри рушди соҳибкории хурду миёна, эҳтиёҷоти истеъмолӣ, маблағгузории бахши кишоварзӣ ва дастрасии чиптаҳо барои муҳоҷирони тоҷик равона гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҶСК «Бонки Эсхата» ба афзоиши ҳаҷми сандуқи қарзӣ идома медиҳад. Ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ ҳаҷми сандуқи қарзии бонк беш аз 162 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта ба андозаи 80 дарсад бештар аст.
Зикр гардид, ки соли равон дар шаҳру навоҳии кишвар 6 шӯъбаи нави бонк ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар онҳо хизматрасонии ҷудо кардани қарз ба роҳ монда шудааст. «Дархостномаҳои ҷудо кардани қарз дар муддати аз 1 то 15 рӯзи корӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, зеро андозаи маблағгузории қарз метавонад то 200 ҳазор доллари амрикоӣ бошад», – афзуд сарчашма.


