Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатии ВМКБ ҳудуди 1 млн. доллар коҳиш ёфт

            Хоруғ. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар моҳҳои январ-фервали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ аз хориҷи кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб ба андозаи 900 ҳазор доллари амрикоӣ коҳиш ёфт.             Тавре муовини раиси ВМКБ Азиз Гиёев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо […]

Ифтихор Миршакар



           

Хоруғ. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар моҳҳои январ-фервали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ аз хориҷи кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб ба андозаи 900 ҳазор доллари амрикоӣ коҳиш ёфт.





           

Тавре муовини раиси ВМКБ Азиз Гиёев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба вилоят беш аз 2 млн. 997 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 898 ҳазор $ камтар аст.




           

А.Гиёев мегӯяд, коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба бӯҳрони молӣ ва бекор мондани муҳоҷирони меҳнатии вилоят дар Русия вобаста аст. «Имрӯз ба замми бекор мондани аксари муҳоҷирони меҳнатӣ, ба муҳоҷирони меҳнатии бо ҷойи кор таъмин муддати чанд моҳест, ки маош пардохта намешавад», – гуфт ӯ.




           

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилоят, беш аз 24 ҳазор ё 12 дарсади аҳолии ВМКБ дар хориҷи кишвар қарор доранд ва 23 ҳазори онон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.