Сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҶСК «Бонки Эсхата» ба афзоиши ҳаҷми сандуқи қарзӣ идома медиҳад

            Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ҶСК «Бонки Эсхата» ба маблағи 43 млн. сомонӣ қарз ҷудо намуд.             Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қисмати асосии қарз баҳри рушди соҳибкории хурду миёна, эҳтиёҷоти истеъмолӣ, маблағгузории бахши кишоварзӣ ва дастрасии чиптаҳо барои муҳоҷирони тоҷик равона гардидааст. […]



           

Душанбе. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ ҶСК «Бонки Эсхата» ба маблағи 43 млн. сомонӣ қарз ҷудо намуд.





           

Тавре аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, қисмати асосии қарз баҳри рушди соҳибкории хурду миёна, эҳтиёҷоти истеъмолӣ, маблағгузории бахши кишоварзӣ ва дастрасии чиптаҳо барои муҳоҷирони тоҷик равона гардидааст.




           

Бино ба иттилои манбаъ, сарфи назар аз бӯҳрони молӣ, ҶСК «Бонки Эсхата» ба афзоиши ҳаҷми сандуқи қарзӣ идома медиҳад. Ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ ҳаҷми сандуқи қарзии бонк беш аз 162 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта ба андозаи 80 дарсад бештар аст.




           

Зикр гардид, ки соли равон дар шаҳру навоҳии кишвар 6 шӯъбаи нави бонк ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар онҳо хизматрасонии ҷудо кардани қарз ба роҳ монда шудааст. «Дархостномаҳои ҷудо кардани қарз дар муддати аз 1 то 15 рӯзи корӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, зеро андозаи маблағгузории қарз метавонад то 200 ҳазор доллари амрикоӣ бошад», – афзуд сарчашма.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуд

Мақоми нави машваратиро сарвари давлат роҳбарӣ мекунад

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.