Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон осебпазиртарин кишварҳо дар қиболи бӯҳрони молӣ мебошанд, – назари коршинос

Date:



          




    

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба «Садои Амрико» сарвари иҷроияи ташаббуси Вулфенсон дар назди Донишкадаи Брукингс, собиқ ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Йоханесс Линн изҳор доштааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон осебпазиртарин кишварҳо дар қиболи бӯҳрони молӣ мебошанд.





           

Ба гуфтаи ӯ,

 

ба ин кишварҳо бӯҳрони энергетикиву обӣ асари шадид гузошта, баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо ҷойи кор таъмин сохтани онҳо мушкили дигар зам месозад.




           

Номбурда таъкид сохтааст, ки бар асари бӯҳрони энергетикӣ дар кишварҳои фавқуззикр ҳанӯз як сол пештар аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ чунин вазъ ба амал омада буд ва аз ҷониби ҳкумати кишвар чораҳо андешида шуда, ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ низ бо маҳсулоту маводи гуногун ба ин кишварҳо кӯмак расониданд, вале маълум гардид, ки он нокофӣ аст. «Аз ин рӯ, Хазинаи байнулмилаии асъор, Бонки рушди Осиё ва Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати давлатҳо ба татбиқи барномаҳои зиддибӯҳронӣ шурӯъ намуданд», – гуфтааст вай.




           

Йоханесс Линн аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки чораҳои зиддибӯҳронии феълан пешгирифта кофӣ нестанд ва «зарур аст, иқдомоти бештареро анҷом дод, зеро бӯҳрони молии ҷаҳонӣ акнун оғоз гардидааст ва оқибатҳои ногувори он барои баъе кишварҳо метавонанд фоҷиабор бошанд».


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...