Коршиносони кишварҳои узви СААД масъалаи таҳияи асноди меъёриву ҳуқуқии танзими фаъолияти нерӯҳои муттаҳидаи зудамалро баррасӣ мекунанд

            Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Маскав машварати коршиносони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили таъсиси нерӯҳои муттаҳиди зудамали созмон доир мегардад.             Тибқи иттилои хадамоти матбуоти созмон, бо мақсади таъсиси нерӯҳои муттаҳидаи зудамал гурӯҳи корӣ лоиҳаҳои асноди меъёриву ҳуқуқии фаъолияти ин воҳиди низомиро таҳия сохтааст. Муовини дабири […]



           

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Маскав машварати коршиносони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили таъсиси нерӯҳои муттаҳиди зудамали созмон доир мегардад.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти созмон, бо мақсади таъсиси нерӯҳои муттаҳидаи зудамал гурӯҳи корӣ лоиҳаҳои асноди меъёриву ҳуқуқии фаъолияти ин воҳиди низомиро таҳия сохтааст. Муовини дабири кулли созмон Валерий Семериков изҳор доштааст, ки коршиносонро зарур аст, асноди таҳиягардидаро омӯхта, мувофиқа созанд ва ҳамчунин пешниҳоду тавсияҳои воридгашта аз ҷониби кишварҳоро низ ба эътибор гиранд.




           

Ба қавли В.Семериков, дар машваратҳо намояндагони шӯроҳои амният, вазоратҳои умури хориҷӣ, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси созмон ширкат меварзанд. «Аз рӯи натиҷаҳои машаварат аснод ҷиҳати мувофиқасозӣ ба кишварҳои узви СААД ирсол хоҳад гардид», – гуфтааст ӯ.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.