Дар Минск масъалаи таъсиси мақомоти соҳавии назорати маводи нашъаовари ИДМ баррасӣ мешавад

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск машварати дурӯзаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи дубора ва мувофиқасозии Қарорҳо ва Муқаррарот дар бораи Комиссияи кишварҳои иттиҳод оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор мешавад. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, […]


Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Минск машварати дурӯзаи гурӯҳи коршиносон оид ба таҳияи дубора ва мувофиқасозии Қарорҳо ва Муқаррарот дар бораи Комиссияи кишварҳои иттиҳод оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир баргузор мешавад.




Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, ҳуҷҷатҳои мазкур аз ҷониби Тоҷикистон таҳия шудаанд ва ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар ин соҳа аксари кишварҳои узви иттиҳод манфиатдоранд. Як қатор асноди асосӣ оид ба ин масъала аз ҷониби сарони 10 кишварҳо маъқул шуморида шудааст.



Дар иттилои хадамоти матбуоти кумитаи иҷроия гуфта мешавад, ки феълан ба масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҳайати мақомоти ИДМ сохторҳои назорати маводи нашъаовар (Русия, Тоҷикистон) ва воҳидҳои вазорати умури дохилӣ (милиса) машғул буда, ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи ИДМ дар ин самт мувофиқи салоҳияти худ Шӯрои вазирони умури дохилии кишварҳо ва Дафтари ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ баҳри мубориза бо ин падидаи номатлуб низ фаъолият мекунанд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.