Дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон осебпазиртарин кишварҳо дар қиболи бӯҳрони молӣ мебошанд, – назари коршинос

                Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба «Садои Амрико» сарвари иҷроияи ташаббуси Вулфенсон дар назди Донишкадаи Брукингс, собиқ ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Йоханесс Линн изҳор доштааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон осебпазиртарин кишварҳо дар қиболи бӯҳрони молӣ мебошанд.             Ба гуфтаи ӯ,   ба ин кишварҳо бӯҳрони энергетикиву обӣ […]



          




    

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусоҳиба ба «Садои Амрико» сарвари иҷроияи ташаббуси Вулфенсон дар назди Донишкадаи Брукингс, собиқ ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Йоханесс Линн изҳор доштааст, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қирғизистон осебпазиртарин кишварҳо дар қиболи бӯҳрони молӣ мебошанд.





           

Ба гуфтаи ӯ,

 

ба ин кишварҳо бӯҳрони энергетикиву обӣ асари шадид гузошта, баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва бо ҷойи кор таъмин сохтани онҳо мушкили дигар зам месозад.




           

Номбурда таъкид сохтааст, ки бар асари бӯҳрони энергетикӣ дар кишварҳои фавқуззикр ҳанӯз як сол пештар аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ чунин вазъ ба амал омада буд ва аз ҷониби ҳкумати кишвар чораҳо андешида шуда, ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ низ бо маҳсулоту маводи гуногун ба ин кишварҳо кӯмак расониданд, вале маълум гардид, ки он нокофӣ аст. «Аз ин рӯ, Хазинаи байнулмилаии асъор, Бонки рушди Осиё ва Бонки ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо ҳукумати давлатҳо ба татбиқи барномаҳои зиддибӯҳронӣ шурӯъ намуданд», – гуфтааст вай.




           

Йоханесс Линн аз он изҳори нигаронӣ намудааст, ки чораҳои зиддибӯҳронии феълан пешгирифта кофӣ нестанд ва «зарур аст, иқдомоти бештареро анҷом дод, зеро бӯҳрони молии ҷаҳонӣ акнун оғоз гардидааст ва оқибатҳои ногувори он барои баъе кишварҳо метавонанд фоҷиабор бошанд».


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.