Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки кишвар дар фурудгоҳи пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Филиппин, зани 48-сола Ноласко Милагросро боздошт намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти хадамоти гумрук ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, боздоштшуда мехост ҳудуди 3 килову
300 грамм
ҳероинро таваасути хатсайри Душанбе-Истамбул ба Туркия интиқол диҳад. «Зимни азназаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри мазкур маводи мухаддир дар 758 дона тугмаи 33 хилъати занона дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


