Шаҳрванди Филиппин дар тугмаҳои хилъати занона мехост миқдори зиёди ҳероинро аз Тоҷикистон ба Туркия интиқол диҳад

Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки кишвар дар фурудгоҳи пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Филиппин, зани 48-сола Ноласко Милагросро боздошт намуданд. Тавре аз маркази матбуоти хадамоти гумрук ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, боздоштшуда мехост ҳудуди 3 килову 300 грамм ҳероинро таваасути хатсайри Душанбе-Истамбул ба Туркия интиқол […]


Душанбе. 17-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Хадамоти гумруки кишвар дар фурудгоҳи пойтахт ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Филиппин, зани 48-сола Ноласко Милагросро боздошт намуданд.




Тавре аз маркази матбуоти хадамоти гумрук ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, боздоштшуда мехост ҳудуди 3 килову


300 грамм

ҳероинро таваасути хатсайри Душанбе-Истамбул ба Туркия интиқол диҳад. «Зимни азназаргузаронии бағочи мусофирони хатсайри мазкур маводи мухаддир дар 758 дона тугмаи 33 хилъати занона дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.



Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.