Сарвари давлат «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон содир кард

               Душанбе, 17-уми март – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон содир кард.                Дар фармони мазкур омадааст, ки низомнома ва сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, шумораи умумии […]



              

Душанбе, 17-уми март – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ «Дар бораи таъсиси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон содир кард.





   


          

Дар фармони мазкур омадааст, ки низомнома ва сохтори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, шумораи умумии кормандони Маркази мазкур 40 воҳид (бе дарназардошти ҳайати хизматрасон) муайян гардад.




              

Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ шуда, Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор шудааст, ки ҷудо намудани маблағҳо ва таъминоти дигари моддию техникии ин Марказро амалӣ намояд. Инчунин, Ҳукумати мамлакат бояд дар мӯҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фармони мазкур мутобиқ намуда, дар татбиқи он чораҳо андешад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.