Таҷлили Иди Наврӯз дар Тоҷикистон

Date:



 

Душанбе. 21-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон чун анъана ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад.




Ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.



Бинобар ин дар гузашта тоҷикон ба ҷашни Наврӯз даҳ рӯз пештар омодагӣ медиданд ва Рӯзи навро бо шодиву фараҳ дар хонаҳову наврӯзгоҳҳо пешвоз мегирифтанд.



Ҳоло низ бо фаро расидани фасли баҳор ҳар як хонадони кишвари мо иди Наврӯзро бо расму оинҳои суннатии аҷдодӣ истиқбол мегиранд ва азизу гиромӣ медоранд.



Дар ин рӯзи фараҳбахш ҳамаи Шуморо бори дигар табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва рӯзгори обод таманно дорем!


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...