Дар сохтори ИДМ Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовар таъсис дода мешавад

            Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтори иттиҳод таъсис додани Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаоварро ба нақша гирифтанд.             Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносони ин соҳа, ки рӯз 24-уми март дар шаҳри Минск доир гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.             Гуфта […]



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сохтори иттиҳод таъсис додани Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаоварро ба нақша гирифтанд.





           

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласаи гурӯҳи коршиносони ин соҳа, ки рӯз 24-уми март дар шаҳри Минск доир гардид, чунин тасмим гирифта шудааст.




           

Гуфта мешавад, дар ҷаласа намояндагони давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва ҳамчунин намояндагони Шӯрои вазирони умури дохилӣ, Шӯрои роҳбарони сохтори амният ва хадамоти махсус, Шӯрои фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ ва Кумитаи иҷроияи иттиҳод ширкат варзиданд.




           

Тибқи иттилои манбаъ, гурӯҳи коршиносон лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовар дар доираи иттиҳодро таҳия намудааст ва он ҷиҳати коркарди минбаъда ба мақомоти дахлдори кишварҳои узв ирсол мегардад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.