Таҷлили Иди Наврӯз дар Тоҷикистон

  Душанбе. 21-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон чун анъана ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад. Ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар […]



 

Душанбе. 21-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон чун анъана ҷашни Наврӯз таҷлил мегардад.




Ҷашни Наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибфарҳанги мо аст, ки аз фаро расидани соли нави хуршедӣ ва навбаҳори зебову хуҷастапай мужда медиҳад. Ин пайки шодмонӣ ва шодкомӣ рамзи офариниши ҷаҳон, осмону ситорагон, гулу гиёҳ ва муҳимтар аз ҳама мавҷудияти инсон буда, ба зиндагӣ оғози нав ва накҳати тоза мебахшад.



Бинобар ин дар гузашта тоҷикон ба ҷашни Наврӯз даҳ рӯз пештар омодагӣ медиданд ва Рӯзи навро бо шодиву фараҳ дар хонаҳову наврӯзгоҳҳо пешвоз мегирифтанд.



Ҳоло низ бо фаро расидани фасли баҳор ҳар як хонадони кишвари мо иди Наврӯзро бо расму оинҳои суннатии аҷдодӣ истиқбол мегиранд ва азизу гиромӣ медоранд.



Дар ин рӯзи фараҳбахш ҳамаи Шуморо бори дигар табрику таҳният гуфта, бароятон тани сиҳату хотири ҷамъ ва рӯзгори обод таманно дорем!


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.