Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо бемории сил автомарафон доир месозад

Date:



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ба муносибати Рӯзи байнулмилалии мубориза бо бемории сил Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон автомарафон барпо мекунад.




Намояндаи ҶҲАТ Сайидо Назаров ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, чорабинии мазкур бо дастгирии молиявии Комиссияи Аврупо, созмонҳои Салиби Сурхи Нидерланд, Федератсияи байнулмилалии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх баргузор мегардад.



Ба қавли С.Назаров, ҶҲАТ назди худ мақсад гузоштааст, ки тариқи баргузории ин чорабинӣ тарзи ҳаёти солимро таблиғ намуда, ба аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо бемориии сил маълумоти зарурӣ пешниҳод созад. «Дар баргузории чорабинӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад гардид, зеро маҳз онҳо доир ба бемории сил ва роҳҳои пешгириву табобати он бояд маълумоти зарурӣ дошта бошанд», – гуфт ӯ.



С.Назаров афзуд, зимни баргузории чорабинӣ фарогирии беш аз 2500 нафар аҳолии шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат пешбинӣ мешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...