Ширкати ҳавопаймоии «Somon air» боз як тайёраи навъи «Boeing 737-800» харидорӣ кард

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустин ширкати ҳавопаймоии тиҷоратии Тоҷикистон – «Somon air» боз як тайёраи навъи «Boeing 737-800» харидорӣ кард. Чӣ тавре ки мудири кулли ширкат Музаффар Исҳоқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тайёра дар ИМА тариқи қарзи бонкӣ харидорӣ шудааст. Ӯ аз пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба арзиши тайёра худдорӣ намуд. Танҳо […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нахустин ширкати ҳавопаймоии тиҷоратии Тоҷикистон – «Somon air» боз як тайёраи навъи «Boeing 737-800» харидорӣ кард.




Чӣ тавре ки мудири кулли ширкат Музаффар Исҳоқов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тайёра дар ИМА тариқи қарзи бонкӣ харидорӣ шудааст. Ӯ аз пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба арзиши тайёра худдорӣ намуд. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки ҳавопаймо ба исми асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ номгузорӣ гардидааст.



Тибқи маълумоти расида аз ширкати мазкур, тайёраи мусофирбар аз Туркия ба фурудгоҳи Душанбе оварда шуда, барои 172 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст ва ба хатсайрҳои кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла шаҳрҳои Франкфурт ва Урумчӣ парвозҳо анҷом хоҳад дод. «Тайёраи нахустини навъи «Boeing 737-800»-и ширкат дар як ҳафта ҳамарӯза ба шаҳри Маскав ва як маротиба ба шаҳри Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) парвоз анҷом медиҳад», – гуфт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, минбаъд роҳандозии парвози тайёраҳо ба шаҳрҳои Истанбул, Деҳлӣ, Теҳрон, Бангкок ва шаҳрҳои дигари ҷаҳон ба нақша гирифта шудааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷузъиёти латукӯби омӯзгор дар Нуробод. Додситонӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунад, Вазорат гуфт, аз омӯзгор ҳимоят хоҳад кард

Мақомот шахсеро, ки муаллимро зад чанд бор бозпурсӣ кардаанд ва тафтиши қазия идома дорад.

Саршумори чорво ва истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар 4 моҳ дар Тоҷикистон беш аз 68 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Боздошти як хонандаи мактаб дар пайванд ба куштори як кирокаш дар Ёвон

Алайҳи ин наврас бо гумони "одамкушӣ бо бераҳмии махсус" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Маконҳои забҳи чорво барои Иди Қурбон дар Душанбе маълум шуданд

Дар арафаи таҷлили Иди Қурбон барои забҳ ё куштани...

Силсилаи нави “HONOR 600” бо имконоти пешрафтаи ҳуши маснӯӣ муаррифӣ шуд

Ҳуши маснӯӣ, дурбини шабона ва анбораи пуриқтидор дар як дастгоҳ.

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад