Дар ҷумҳурӣ кишти чигит оғоз ёфт

Date:


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон кишти чигит оғоз ёфт.




Чӣ тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, яке аз нахустинҳо шуда кишоварзони вилояти Хатлон дар арафаи Иди Наврӯз мавсими киштукори баҳориро шурӯъ карданд.



Ба иттилои манбаъ, имсол дар кишвар кишти пунбадона дар майдони 200 ҳазору


700 гектар

гузаронида мешавад, ки 124 ҳазору 400 гектари он дар вилояти Хатлон мебошад ва дар ин вилоят аллакай дар масоҳати 6 ҳазору

219 гектар

чигит кишт карда шудааст.



Ба қавли мутахассиси раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб Амрохон Ҳаитов, дар минтақа киштукор ҳанӯз 18-уми март аз хоҷагии деҳқонии «Сабз»-и ноҳияи Кӯлоб оғоз ёфта, сипас бо сабаби боришоти зиёд он то 24-уми март мавқуф гузошта шудааст.



А.Ҳаитов мегӯяд, то имрӯз аз майдони пешбинишудаи

33810 гектар

кишти пунбадона дар панҷ ноҳия 600 гектари нахустин кишт шудаанд. «Дар мавсими киштукори соли 2009 заминҳои кишти пахта ба миқдори

600 гектар

кам карда шуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани киштукор техникаи кишоварзӣ омода аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...