Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи ИМА оид ба озодии виҷдон (
USCIRF
) аз қабули лоиҳаи Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Дар иттилоияи чанде қабл интишоргашта гуфта мешавад, ки қонун шитобкорона аз ҷониби парлумон ба тасвиб расида, акнун барои имзо ба президент пешниҳод гаштааст ва агар он ба имзо расад, сиёсати шадиди ҳукуматро нисбат ба диндорон дар чаҳорчӯбаи қонун муқаррар сохта, ба баста шудани садҳо масҷид ва маҳдуд сохтани таълими исломӣ боис мегардад. «Қонуни мазкур назорати давлатиро аз болои нашри адабиёти динӣ пурзӯр намуда, ба давлат имкон фароҳам меоварад, ки иттиҳодияҳои диниро таҳти назорат қарор диҳад», – омадааст дар иттилоия.
Раиси Комиссияи ИМА оид ба озодии дин Фелис Геа бар ин назар аст, ки қабули қонуни мазкур, ки ҳуқуқҳои тоҷикистониёнро поймол месозад, дар ҷаҳон ноаён нахоҳад монд. «Қабули чунин қонун ба таври назаррас вазъи озодии дин дар кишварро маҳдуд месозад ва қабл аз имзои он, президенти Тоҷикистонро зарур аст, дар бораи ӯҳдадориҳои байнулмилалии қабулкардаи кишвар андеша намояд, – изҳор доштааст ӯ. – Феълан комиссия ҷиҳати ворид кардани Тоҷикистон ба «Рӯйхати назорат» вазъро мавриди омӯзиш қарор додааст ва ман ният дорам, ки дар ин хусус президенти Амрикоро огоҳ созам».
Дар иттилоия зикр мегардад, ки Тоҷикистон зери Конвенсияи СММ оид ба риояи ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ имзо гузоштааст ва яке аз кишварҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мебошад, ки аз рӯи он дар масъалаи озодии дин ӯҳдадориҳои махсусеро дорост.
Зикр мегардад, ки дар қонун «нақши махсус» доштани равияи ҳанафия таъкид гардидааст, ки ин нукта аҳамияти мазҳаби шиа барои аққалиятҳои исмоилии сокини Бадахшонро коста мегардонад.
Дар иттилоия инчунин аз манъи фаъолияти ибодатхонаи «Шоҳидони Яҳво», ибодатхонаи кореягии «Сонмин», манъи пӯшиши ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайра низ ёдоварӣ мешавад.


