Ба ду лижарони тоҷик идрорпулии Кумитаи байнулмилалии олимпии «Ванкувер-2010» таъин гардид

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ду лижарони тоҷик – Алишер Қудратов ва Андрей Дригин идрорпулии Кумитаи байнулмилалии олимпии «Ванкувер-2010» таъин гардид. Чанде қабл дар бинои Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон маросими расмии имзои созишнома миёни КМО ҶТ ва Кумитаи банулмилалии олимпӣ баргузор шуд. Чӣ тавре ки ноиби президенти КМО Ширинҷон Маҳмадсафоев дар мусоҳиба ба […]


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ба ду лижарони тоҷик – Алишер Қудратов ва Андрей Дригин идрорпулии Кумитаи байнулмилалии олимпии «Ванкувер-2010» таъин гардид. Чанде қабл дар бинои Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон маросими расмии имзои созишнома миёни КМО ҶТ ва Кумитаи банулмилалии олимпӣ баргузор шуд.




Чӣ тавре ки ноиби президенти КМО Ширинҷон Маҳмадсафоев дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ҳар моҳ ба ҳар яке аз лижаронон 1,5 ҳазор $ идрорпулӣ ҷудо мегардад, ки 300 доллари он ба варзишгар дода шуда, боқимонда ҷиҳати омодагии ӯ ба мусобиқот масраф хоҳад шуд. «Ин барои аввалин бор аст, ки ба варзишгарони тоҷик чунин идрорпулӣ ҷудо мегардад», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи номбурда, маблағи мазкур ҷиҳати омодагии варзишгарон барои иштирок дар Бозиҳои Олимпиадаи зимистонаи соли 2010, ки дар шаҳри Ванкувери Канада доир мегардад, пешбинӣ шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.