ИМА аз президенти Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки аз имзои Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва дин» худдорӣ намояд

            Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи ИМА оид ба озодии виҷдон ( USCIRF ) аз қабули лоиҳаи Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.             Дар иттилоияи чанде қабл интишоргашта гуфта мешавад, ки қонун шитобкорона аз ҷониби парлумон ба тасвиб расида, акнун барои имзо ба президент пешниҳод гаштааст ва агар […]



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи ИМА оид ба озодии виҷдон (


USCIRF


) аз қабули лоиҳаи Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.





           

Дар иттилоияи чанде қабл интишоргашта гуфта мешавад, ки қонун шитобкорона аз ҷониби парлумон ба тасвиб расида, акнун барои имзо ба президент пешниҳод гаштааст ва агар он ба имзо расад, сиёсати шадиди ҳукуматро нисбат ба диндорон дар чаҳорчӯбаи қонун муқаррар сохта, ба баста шудани садҳо масҷид ва маҳдуд сохтани таълими исломӣ боис мегардад. «Қонуни мазкур назорати давлатиро аз болои нашри адабиёти динӣ пурзӯр намуда, ба давлат имкон фароҳам меоварад, ки иттиҳодияҳои диниро таҳти назорат қарор диҳад», – омадааст дар иттилоия.




           

Раиси Комиссияи ИМА оид ба озодии дин Фелис Геа бар ин назар аст, ки қабули қонуни мазкур, ки ҳуқуқҳои тоҷикистониёнро поймол месозад, дар ҷаҳон ноаён нахоҳад монд. «Қабули чунин қонун ба таври назаррас вазъи озодии дин дар кишварро маҳдуд месозад ва қабл аз имзои он, президенти Тоҷикистонро зарур аст, дар бораи ӯҳдадориҳои байнулмилалии қабулкардаи кишвар андеша намояд, – изҳор доштааст ӯ. – Феълан комиссия ҷиҳати ворид кардани Тоҷикистон ба «Рӯйхати назорат» вазъро мавриди омӯзиш қарор додааст ва ман ният дорам, ки дар ин хусус президенти Амрикоро огоҳ созам».




           

Дар иттилоия зикр мегардад, ки Тоҷикистон зери Конвенсияи СММ оид ба риояи ҳуқуқи сиёсӣ ва шаҳрвандӣ имзо гузоштааст ва яке аз кишварҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мебошад, ки аз рӯи он дар масъалаи озодии дин ӯҳдадориҳои махсусеро дорост.




           

Зикр мегардад, ки дар қонун «нақши махсус» доштани равияи ҳанафия таъкид гардидааст, ки ин нукта аҳамияти мазҳаби шиа барои аққалиятҳои исмоилии сокини Бадахшонро коста мегардонад.




           

Дар иттилоия инчунин аз манъи фаъолияти ибодатхонаи «Шоҳидони Яҳво», ибодатхонаи кореягии «Сонмин», манъи пӯшиши ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ ва ғайра низ ёдоварӣ мешавад.

 



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.