Нашрияи «The parlament magazine» матни пурраи суханронии Э.Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупоро ба чоп расонд

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Матни пурраи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва мӯҳтавои сӯҳбати тӯлонии ӯ бо намояндагони он дар нашрияи «THE   PARLAMENT   MAGAZINE», ки   маҷаллаи иҷтимоӣ – сиёсии Парлумони Иттиҳоди Аврупо аст, таҳти унвони «Нақши эътидоловарӣ дар Осиёи Марказӣ» нашр гардида, мавриди вокуниши васеъи […]

root


Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Матни пурраи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва мӯҳтавои сӯҳбати тӯлонии ӯ бо намояндагони он дар нашрияи «THE

 

PARLAMENT

 

MAGAZINE», ки

 

маҷаллаи иҷтимоӣ – сиёсии Парлумони Иттиҳоди Аврупо аст, таҳти унвони «Нақши эътидоловарӣ дар Осиёи Марказӣ» нашр гардида, мавриди вокуниши васеъи аҳли ҷомеа қарор гирифт. Дар муқоваи маҷалла расми калони Эмомалӣ Раҳмон ва суханони зерини ӯ оварда шудааст: «Мо бо Иттиҳоди Аврупо баҳри дарёфти роҳҳои бартарфсозии мушкилоти Осиёи Марказӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир муносиботи равшану ошкоро дорем».




Дар ҳамон ҷо ҳамчунин омадааст, ки «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори таҳкими муносибот бо Иттиҳоди Аврупо, тақвияти нақши Тоҷикистон чун нерӯи эътидоловарӣ ба Афғонистон, пурзӯр намудани мубориза бо қочоқ ва баланд бардоштани иқтидори гидроэнергетикӣ аст».



Мавзӯъи сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Парлумони Иттиҳоди Аврупо дар се саҳифаи ин маҷаллаи бонуфуз матраҳ шуда, пешниҳодҳои муфиди Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри муттаҳидсозии имкону захираҳои муштараки сатҳу зинаҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти сангини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳим арзёбӣ гардидаанд.



Аз ҷумла пешниҳоди ӯ дар бораи он, ки афзалият на

 

ба роҳи низомии ҳалли қазияи бисёрсолаи Афғонистон, балки ба кӯмакҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ин кишвари азияткашида ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои мардуми он бояд дода шавад, мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.