Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Маскав вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Иҳсоноғлу дидору гуфтушунид кард. Дар ин бора департаменти иттилооти ВКХ ҶТ хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон ва масоили марбут ба омодагиҳо ба баргузории нишасти СКИ дар соли 2010
мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар Маскав вазиру умури хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин бо ҳамтои турки худ Алӣ Бобоҷон низ мулоқот кард. Зимни гуфтушунид масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо ва ҷараёни иҷрои қарордодҳое, ки соли гузашта ҳангоми боздиди вазири умури хориҷии Туркия аз Тоҷикистон ба имзо расида буданд, матраҳ гардиданд. Дар мулоқот инчунин атрофи мавзӯи боздиди расмии қарибулвуқӯъи президенти Туркия Абдулло Гул аз Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шаҳри Маскав конфронси Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба Афғонистон баргузор гардид.


