«Талко» ба феҳристи ширкатҳои муваффақтарини ҷаҳон шомил шуд

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои баргузории аудит аз ҷониби ширкати SGS , Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» ба гувоҳномаи низоми менеҷменти сифат (ISO 9001:2008) сазовор дониста шуда, ба феҳристи ширкатҳои муваффақтарини ҷаҳон шомил шуд. Чӣ тавре ки сухангӯи ширкат Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ширкати SGS дар беш аз 100 […]

Виктория Наумова




Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои баргузории аудит аз ҷониби ширкати


SGS


, Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» ба гувоҳномаи низоми менеҷменти сифат (ISO 9001:2008) сазовор дониста шуда, ба

феҳристи

ширкатҳои муваффақтарини ҷаҳон шомил шуд.






Чӣ тавре ки сухангӯи ширкат Саёҳат Қодирова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ширкати


SGS


дар беш аз 100 ҳазор ширкати дунё санҷиш (аудит) гузаронида, дар ин соҳа яке аз муассисаҳои маъруф маҳсуб мегардад.





С.Қодирова иттилоъ дод, ки директори


SGS


оид ба Қазоқистон Александ Вазнюк гуфтааст, гувоҳномаи (сертификати) мазкур баҳри рақобатпазирии муваффақонаи ширкат дар бозори ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам хоҳад сохт.





Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ширкати «Талко» нахустин шуда низоми менеҷменти сифати ISO 9001:2008-ро ҷорӣ сохт ва ягона ширкатест, ки дар Тоҷикистон ба гирифтани гувоҳнома муваффақ гаштааст. Молик будан ба гувоҳномаи мазкур яке аз талаботи Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошад.



Ба гуфтаи С.Қодирова, ҷорисозии низоми менеҷменти сифат ба соҳиб шудани бартарияти корхона дар тендерҳо нисбат ба рақибони худ, афзоиши рейтинги корхона, беҳбуди фаъолияти пурсамари мутақобилан судманди воҳидҳо ва мутахассисони корхона, коҳиши хароҷот, тавсеъаи бозори фурӯши маҳсулот ва муттаҳидии коргарону интизоми меҳнат мусоидат хоҳад кард.





Сухангӯи ширкат ҳамчунин зикр кард, ки ташкил ва афзудани ҳаҷми содироти махсулоти ба талаботи истеъмолгарон ҷавобгӯи корхона, ҷустуҷӯ ва тавсеаъи бозорҳои нави фурӯши маҳсулот, аз даст надодани мавқеи ширкат дар бозори ҷаҳонӣ ва дар ниҳояти кор ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардидан, назорати доимии сифат ва дар истеҳсолот ҷорӣ сохтани технология муосирро тақозо мекунад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.