Дар Маскав Нақшаи амал ва Баёнияи Конфронси махсуси СҲШ оид ба Афғонистон қабул гардид

            Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав иштирокдорони Конфронси Созмони Ҳамкории Шанхай Нақшаи амал ва Баёнияи Конфронси махсуси СҲШ оид ба Афғонистонро қабул карданд.             Чӣ тавре ки аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар конфронс вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба мамолики ҳамҷавор, тақвияти кӯшишоти ҷомеаи […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав иштирокдорони Конфронси Созмони Ҳамкории Шанхай Нақшаи амал ва Баёнияи Конфронси махсуси СҲШ оид ба Афғонистонро қабул карданд.





           

Чӣ тавре ки аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар конфронс вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба мамолики ҳамҷавор, тақвияти кӯшишоти ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




           

Зимни суханронӣ дар конфронс вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба роҳандозии иқдомот баҳри рушди иқтисоди Афғонистон ҷалб намуд ва изҳор дошт, ки таъмини рушди бахши иқтисоди кишвари ҳамсоя ба коҳиши қочоқи маводи мухаддир ба давлатҳои ҳамҷавор мусоидат хоҳад кард. «Тоҷикистон, ки фоҷеаҳои ҷанги шаҳрвандиву муташанниҷии шадиди вазъро замоне паси сар намуд, чунин мешуморад, ки барои таъмини субот дар Афғонистон эҳёи фаъолият ва рушди зерсохтори бахши иқтисодиву иҷтимоӣ омили ҳалкунанда аст», – гуфт ӯ.




 


          

Ҳ.Зарифӣ таъкид сохт, ки амалисозии барномаи киштукору парвариши зироатаҳои алтернативии кишоварзӣ ба нобуд кардани заминҳои кишти кӯкнор дар Афғонистон имкон муҳайё мекунад. Вазири умури хориҷии ҶТ ҳамзамон аз пешниҳоди президенти Тоҷикистон дар бораи таъсиси маркази минтақавии саввуми мубориза бо маводи мухаддир дар Душанбе ёдовар шуд, ки барои таъмини суботи вазъ дар Афғонистон ва минтақа иқдоми ҷиддие хоҳад буд.




           

Дар фарҷоми конфронс зикр гардид, ки аксари мамолики дунё ва созмонҳои байнулмилалӣ баҳри кӯмак ба эҳёи зерсохтори бахши иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон изҳори омодагӣ кардаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.