Дар Маскав Ҳ.Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ ва ҳамтои турки худ дидору гуфтушунид кард

Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Маскав вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Иҳсоноғлу дидору гуфтушунид кард. Дар ин бора департаменти иттилооти ВКХ ҶТ хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистон […]

Роза Шапошник


Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Маскав вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Иҳсоноғлу дидору гуфтушунид кард. Дар ин бора департаменти иттилооти ВКХ ҶТ хабар медиҳад.




Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон ва масоили марбут ба омодагиҳо ба баргузории нишасти СКИ дар соли 2010

 

мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Дар Маскав вазиру умури хориҷии ҷумҳурӣ ҳамчунин бо ҳамтои турки худ Алӣ Бобоҷон низ мулоқот кард. Зимни гуфтушунид масоили ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо ва ҷараёни иҷрои қарордодҳое, ки соли гузашта ҳангоми боздиди вазири умури хориҷии Туркия аз Тоҷикистон ба имзо расида буданд, матраҳ гардиданд. Дар мулоқот инчунин атрофи мавзӯи боздиди расмии қарибулвуқӯъи президенти Туркия Абдулло Гул аз Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифт.



Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шаҳри Маскав конфронси Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба Афғонистон баргузор гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷуфтҳои даври 1/8 ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2026 маълум шуданд

Бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 27-29 -уми май баргузор мешаванд.

Оҷонсии омор мегӯяд, дар се моҳ дар Тоҷикистон 48 ҳазор ҷойи кор таъсис ёфтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус вуҷуд дорад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Малика Собирова то Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва ихтирои хамираи дандон.

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.