Душанбе. 28-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Маскав иштирокдорони Конфронси Созмони Ҳамкории Шанхай Нақшаи амал ва Баёнияи Конфронси махсуси СҲШ оид ба Афғонистонро қабул карданд.
Чӣ тавре ки аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар конфронс вазъи кунунии Афғонистон ва таъсири он ба мамолики ҳамҷавор, тақвияти кӯшишоти ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳони муосир дар минтақа, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи фаромарзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суханронӣ дар конфронс вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба роҳандозии иқдомот баҳри рушди иқтисоди Афғонистон ҷалб намуд ва изҳор дошт, ки таъмини рушди бахши иқтисоди кишвари ҳамсоя ба коҳиши қочоқи маводи мухаддир ба давлатҳои ҳамҷавор мусоидат хоҳад кард. «Тоҷикистон, ки фоҷеаҳои ҷанги шаҳрвандиву муташанниҷии шадиди вазъро замоне паси сар намуд, чунин мешуморад, ки барои таъмини субот дар Афғонистон эҳёи фаъолият ва рушди зерсохтори бахши иқтисодиву иҷтимоӣ омили ҳалкунанда аст», – гуфт ӯ.
Ҳ.Зарифӣ таъкид сохт, ки амалисозии барномаи киштукору парвариши зироатаҳои алтернативии кишоварзӣ ба нобуд кардани заминҳои кишти кӯкнор дар Афғонистон имкон муҳайё мекунад. Вазири умури хориҷии ҶТ ҳамзамон аз пешниҳоди президенти Тоҷикистон дар бораи таъсиси маркази минтақавии саввуми мубориза бо маводи мухаддир дар Душанбе ёдовар шуд, ки барои таъмини суботи вазъ дар Афғонистон ва минтақа иқдоми ҷиддие хоҳад буд.
Дар фарҷоми конфронс зикр гардид, ки аксари мамолики дунё ва созмонҳои байнулмилалӣ баҳри кӯмак ба эҳёи зерсохтори бахши иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон изҳори омодагӣ кардаанд.


