Имрӯз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ 49-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифт

Date:



           

Душанбе. 30-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ 49-умин солгарди таъсисёбиашро ҷашн гирифт.





           

Чӣ тавре ки аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, муассисаи мазкур соли 1960 таъсис ёфта, соли 1998 Маҷлиси Олии ҶТ Қонун «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонид, ки он мақоми ҳуқуқии палатаро мушаххас сохта, самтҳои фаъолияти сохторро густариш дод.




           

Ба иттилои манбаъ, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон муассисаи ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ буда, ба корхонаву муассисоти кишвар ва соҳибкорон дар рушду тавсеъаи фаъолият ва ҷустуҷӯи сармоягузори хориҷӣ кӯмак мерасонад.




           

Зикр гардид, ки аз ҷониби Палата бо палатаҳои кишварҳои узви ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур беш аз 180 созишнома ба имзо расида, феълан худи палата узви як қатор созмонҳои байнулмилалӣ мебошад.

     

Айни замон беш аз 400 корхонаву муассисаи кишвар ба узвияти палата пазируфта шудаанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...