БРО барои амалисозии барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон 40 млн. $ ҷудо карданист


Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бонк ният дорад, ҷиҳати амалисозии барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ 40 млн доллари ИМА ихтисос диҳад.




Ба қавли ӯ, маблағи мазкур аз ҳисоби 102 млн. $ воситаҳои Бунёди рушди Осиё, ки ба Тоҷикистон барои солҳои 2009-2010 ҷудо гардидааст, пешниҳод карда мешавад. «Зимни баррасии барномаи зиддибӯҳрони ҳукумат бонк ба ҷанбаи иҷтимоии он, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, кӯмак ба қишри осебпазири ҷомеа ва пардохти хизматрасониҳои коммуналии муассисаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад кард», – изҳор дошт ӯ.



М.Оҷиро мегӯяд, ояндаи наздик се гурӯҳи намояндагони бонк баҳри муайян сохтани амалисозии лоиҳаҳо барои ду соли минбаъда дар Тоҷикистон ба кишвари мо меоянд. Дар мавриди ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ номбурда гуфт, «мо чунин имконият дорем ва он мавриди баррасӣ қарор дорад».


spot_imgspot_img

Популярное