БРО барои амалисозии барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон 40 млн. $ ҷудо карданист

Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бонк ният дорад, ҷиҳати амалисозии барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ 40 млн доллари ИМА ихтисос диҳад. Ба қавли ӯ, маблағи мазкур аз ҳисоби 102 млн. $ воситаҳои Бунёди рушди Осиё, […]

Виктория Наумова


Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз намояндаи Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Макото Оҷиро дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки бонк ният дорад, ҷиҳати амалисозии барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ 40 млн доллари ИМА ихтисос диҳад.




Ба қавли ӯ, маблағи мазкур аз ҳисоби 102 млн. $ воситаҳои Бунёди рушди Осиё, ки ба Тоҷикистон барои солҳои 2009-2010 ҷудо гардидааст, пешниҳод карда мешавад. «Зимни баррасии барномаи зиддибӯҳрони ҳукумат бонк ба ҷанбаи иҷтимоии он, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, кӯмак ба қишри осебпазири ҷомеа ва пардохти хизматрасониҳои коммуналии муассисаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳад кард», – изҳор дошт ӯ.



М.Оҷиро мегӯяд, ояндаи наздик се гурӯҳи намояндагони бонк баҳри муайян сохтани амалисозии лоиҳаҳо барои ду соли минбаъда дар Тоҷикистон ба кишвари мо меоянд. Дар мавриди ҷудо кардани маблағҳои иловагӣ номбурда гуфт, «мо чунин имконият дорем ва он мавриди баррасӣ қарор дорад».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.