БРО то 30 дарсад коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷикро дар соли 2009 пешгӯӣ мекунад

Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хавфи асосие, ки Тоҷикистон бо он дар соли ҷорӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар мебошад. Дар гузориши нави иқтисодии Бонки рушди Осиё таҳти унвони «Дурнамои рушди Осиё дар соли 2009» гуфта мешавад, соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба андозаи 30 дарсад […]

Виктория Наумова


Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Хавфи асосие, ки Тоҷикистон бо он дар соли ҷорӣ рӯбарӯ хоҳад шуд, коҳиши интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар мебошад. Дар гузориши нави иқтисодии Бонки рушди Осиё таҳти унвони «Дурнамои рушди Осиё дар соли 2009» гуфта мешавад, соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба андозаи 30 дарсад ё аз он бештар коҳиш меёбад. Моҳи январи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик ба миқдори 22 дарсад поин рафт.




Имрӯз зимни муаррифии гузориши номбурда иқтисодчии Намояндагии доимии БРО дар Тоҷикистон Зафар Ҳотамов изҳор дошт, ки соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон 60 дарсад афзудааст.



Дар гузориши нави иқтисодии БРО зикр мегардад, ки бар асари афзоиши сусти истеҳсолот ва коҳиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ, феълан сеяки аҳолии қобили кори ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар фаъолият доранд ва ин вазъ ба он оварда расонидааст, ки дар дохили ҷумҳурӣ ба мутахассисони баъзе аз бахшҳо эҳтиёҷ пайдо гардидааст. «Бо ҷойи корӣ таъмин намудани муҳоҷирони баргашта дар навбати худ ба рушди бахши хусусӣ вобаста буда, ҳарчанд ҳукумат баҳри ҷалби сармоягузории хориҷӣ кӯшишоте ба харҷ диҳад ҳам, дар ин самт то ҳанӯз мушкилоти зиёде мавҷуданд», – афзуд З.Ҳотамов.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.