Душанбе. 1-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ оғоз гардид. Мутобиқи фармони президенти ҷумҳурӣ, он то 31-уми май идома хоҳад ёфт.
Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати тирамоҳии гузашта пеш аз мӯҳлат ва пурра ба иҷро расида буд. Тибқи маълумоти Вазоарти мудофиаи ҷумҳурӣ, ҳамасола 15-16 ҳазор нафар ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда мешавад.
Феълан дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар шаҳрвандони синну соли даъват ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, вале 150 ҳазор нафари онҳо пурра аз хизмат озод ё мӯҳлати даъваташон ба хизмат мавқуф гузошта шудааст.



