Дар Тоҷикистон тартиботи нави додани иҷозатномаи кор ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷорӣ мегардад

            Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони шаҳрвандӣ надошта тартиботи нави додани иҷозатномаи кор ҷорӣ мегардад.             Чӣ тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, акнун барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ дар […]

Наргис Ҳамробоева



           

Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон шурӯъ аз

имрӯз

ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони шаҳрвандӣ надошта тартиботи нави додани иҷозатномаи кор ҷорӣ мегардад.





           

Чӣ тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, акнун барои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор дар Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шудааст, ки он барои шахсони воқеӣ дар ҳаҷми аз 30 то 50, шахсони мансабдор – аз 70 то 100 ва шахсониҳуқуқӣ – аз 250 то 300 музди меҳнати

ҳадди

аққал муқаррар гардидааст.




           

Ба ақидаи коршиноси мустақил Абдулло Қурбонов, тартиботи нав ба танзими раванди муҳоҷират, ҳифзи бозори дохилии меҳнат, назорати қувваи корӣ аз хориҷи кишвар ва воридоти зиёди маблағ ба буҷа мусоидат хоҳад кард.




           

Тибқи маълумоти хадамоти муҳоҷират, агар соли 2007 ҳудуди 30 ҳазор мутахассисони хориҷӣ вориди Тоҷикистон гардида бошанд, пас ин шумора дар соли гузашта ба 62 ҳазор нафар расидааст. Соли 2008 барои будубоши ғайриқонунӣ 968 нафар шаҳрванди хориҷӣ ҷазои маъмурӣ гирифта, 186 нафарашон ба ватан фиристода шуда буданд.




 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.