Дар 51 корхонаи саноатии вилояти Суғд коҳиши ҳаҷми истеҳсолот ба мушоҳида расид

Date:



           

Хуҷанд. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд 51 корхонаи санотӣ ба сатҳи истеҳсолоти семоаҳаи аввали соли гузашта расида натавонистанд.





           

Зимни натиҷагирӣ аз нишондодҳои семоҳаи аввали соли равон мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилоят Содиқ Рустамов изҳор дошт, ки дар ин давра бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бӯҳрони молӣ 39 корхона фаъолият надошт. «Дар семоҳаи аввал Комбинати масолеҳи сохтмони ноҳияи Спитамен, КМ «Апрелевка», КМ «Зарафшон», Комбинати маъдантозакунии «Анзоб» ва заводи истеҳсоли шишаи «ЛАЛ» хуб фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсолотро афзуданд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи С.Рустамов, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 222,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 104,4 дарсадро ташкил медиҳад. «Ғайр аз ин, дар ин давра дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли арақ – «Ҷасури Суғд» ва дар шаҳри Хуҷанд корхонаи хиштбарории «Сумчак инвест» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар қаламрави вилоят корхонаи нӯҳуми истеҳсоли хишт ба шумор меравад», – афзуд С.Рустамов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...