Раиси ҲНИТ ва Ҳ.А.Тӯраҷонзода бо ҳайати парлумони Аврупо мулоқот оростанд

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар дафтари кории Комиссияи Аврупо дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳайати парлумони Аврупо бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои палатаи болоии парлумони кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузор шуд. Тавре сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар дафтари кории Комиссияи Аврупо дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳайати парлумони Аврупо бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои палатаи болоии парлумони кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузор шуд.




Тавре сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар вохӯрӣ ба Қонуни нави ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ва хориҷи кишвар вокуниши мухталиф ба амал овард, таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.



Ба гуфтаи Ҳ.Сайфуллозода, намояндагони ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ нисбати чанде аз бандҳои қонун изҳори ташвиш карданд. «Ҳайати парлумони Аврупо ҳамчунин ба қонунгузории мавҷудаи кишвар оид ба интихобот ба парлумон мароқ зоҳир сохта, раиси ҲНИТ М.Кабирӣ изҳор дошт, қонуни мавҷуда дар бораи интихобот ба МН МО ҶТ ба талаботи меъёрҳои баргузории интихоботи демократӣ ҷавобгӯ нест», – гуфт ӯ.



Ҳ.Сайфуллозода афзуд, дар вохӯри ҷонибҳо ҳамчуин атрофи сафари қарибулвуқӯъи М.Кабирӣ ба парлумони Аврупо ахири моҳи май табодули афкор намуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.