Дар 51 корхонаи саноатии вилояти Суғд коҳиши ҳаҷми истеҳсолот ба мушоҳида расид

            Хуҷанд. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд 51 корхонаи санотӣ ба сатҳи истеҳсолоти семоаҳаи аввали соли гузашта расида натавонистанд.             Зимни натиҷагирӣ аз нишондодҳои семоҳаи аввали соли равон мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилоят Содиқ Рустамов изҳор дошт, ки дар ин давра бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бӯҳрони молӣ 39 корхона […]

Бахтиёр Валиев



           

Хуҷанд. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд 51 корхонаи санотӣ ба сатҳи истеҳсолоти семоаҳаи аввали соли гузашта расида натавонистанд.





           

Зимни натиҷагирӣ аз нишондодҳои семоҳаи аввали соли равон мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилоят Содиқ Рустамов изҳор дошт, ки дар ин давра бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бӯҳрони молӣ 39 корхона фаъолият надошт. «Дар семоҳаи аввал Комбинати масолеҳи сохтмони ноҳияи Спитамен, КМ «Апрелевка», КМ «Зарафшон», Комбинати маъдантозакунии «Анзоб» ва заводи истеҳсоли шишаи «ЛАЛ» хуб фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсолотро афзуданд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи С.Рустамов, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 222,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 104,4 дарсадро ташкил медиҳад. «Ғайр аз ин, дар ин давра дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли арақ – «Ҷасури Суғд» ва дар шаҳри Хуҷанд корхонаи хиштбарории «Сумчак инвест» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар қаламрави вилоят корхонаи нӯҳуми истеҳсоли хишт ба шумор меравад», – афзуд С.Рустамов.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.