Донишҷӯёни тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии кушоди ИМА оид ба таэквондо пирӯз гардиданд

Date:



           

Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Се донишҷӯи тоҷики муқими Амрико дар ҳисоби даставии мусобиқоти қаҳрамонии кушоди ИМА оид ба таэквондо пирӯз гардиданд.





           

Тавре аз сарчашмаҳои мӯътамад ОИ «Азия-Плюс» огаҳӣ ёфт, дар мусобиқа ба ҷуз варзишгарони амрикоӣ, инчунин намояндагони давлатҳои Канада, Мексика, Колумбия ва Перу низ ширкат варзидаанд. Тоҷикистонро донишҷӯёни коллеҷи Майами (ИМА) Бахтовар Донизода, Парвиз Муродов ва донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Рустам Ӯлмасов намояндагӣ карданд.




           

Дар гурӯҳи синнусоли худ Б.Донизода ва Р.Ӯлмасов ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, Р.Ӯлмасов унвони қаҳрамони мутлақи ИМА оид ба таэквондоро соҳиб шуд.




           

Ёдрас мекунем, ки Рустам Ӯлмасов Тоҷикистонро дар бисёр мусобиқоти байнулмилалӣ намояндагӣ карда, айни замон дар курсҳои омӯзиши забони англисӣ дар Майами қарор дорад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...