Тоҷикистон то ҳанӯз аз захоири воқеии газ дар кони «Саргазон» огаҳии комил пайдо накардааст

            Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим изҳор дошт, ки корҳои иктишофиву ҷусутуҷӯӣ, ки аз ҷониби ширкати русиягии ҶСК «Зарубежнефтегаз» дар майдони нафту гази кони «Саргазон» гузаронида шуданд, бентаиҷа анҷом ёфтанд.             А.Иброҳим бар ин назар аст, ки корҳо дар ин майдон бидуни […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим изҳор дошт, ки корҳои иктишофиву ҷусутуҷӯӣ, ки аз ҷониби ширкати русиягии ҶСК «Зарубежнефтегаз» дар майдони нафту гази кони «Саргазон» гузаронида шуданд, бентаиҷа анҷом ёфтанд.





           

А.Иброҳим бар ин назар аст, ки корҳо дар ин майдон бидуни истифода аз фанновариҳои замонавӣ сурат гирифта, аз ин рӯ, натоиҷи он низ қаноатбахш нест. «Мо то ҳанӯз аз захоири воқеии нафту газ дар майдони «Саргазон» огаҳии комил пайдо накардем ва коршиносони русро зарур аст, дубора дар ин кон корҳои иктишофиро бо сифати баланд ба анҷом расонанд», – гуфт ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, айни замон тамоми нерӯву имконоти коршиносони ҶСК «Зарубежнефтегаз» ба иҷрои корҳо дар майдони нафту гази «Сариқамиш»-и ноҳияи Шаҳринав равона гардидааст. «Корҳои иктишофиро дар ин майдон мутахассисони идораи нефтегеофизикаи шаҳри Саратови Русия баргузор месозанд ва мо ҷиҳати истифодаи тарзу усулҳои тоза ва технологияи замонавӣ зимни баргузории корҳо бо онҳо гуфтушунид кардем», – баён дошт А.Иброҳим.




           

Сардори Сарраёсати геология афзуд, ҳарчанд истифодаи технологияи замонавӣ гарон аст, бо кӯмаки он метавон дақиқан аз захоири майдон маълумот пайдо кард. «Мо боварӣ дорем, ки дар майдони «Сариқамиш» коршиносони рус бо назардошти таҷрибаи пешинаи майдони «Саргазон» аз фанновариҳои ҷадид ва тарзу усулҳои тозаи иктишофӣ пурсаамр истифода хоҳанд бурд», – гуфт вай.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.