Дар Душанбе қурултойи хурди қазоқони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистон доир мегардад

Date:


Душанбе. 16-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии қазоқони «Байтерек» рӯзҳои 20-22-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе қурултойи хурди қазоқони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Эрон ва Афғонистонро барпо мекунад.




Чӣ тавре ки аз сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чунин чорабинӣ бори нахуст дар қаламрави кишвари Осиёи Марказӣ доир гардида, дар кори он намояндагони дисапораҳои қазоқ аз кишварҳои минтақа ва Эрону Афғонистон иштирок хоҳанд кард.



Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 20-уми апрел дар чаҳорчӯбаи баргузории чорабиниҳо дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо иштироки намояндагони сохтори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони васоити ахбори умум мизи мудаввар созмон дода мешавад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...