Ҳ.Умаров: Дар зарфи 4 соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани Тоҷикистон ба гумон аст

            Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди шарҳи нуктаи паёми президенти Тоҷикистон перомуни дар зарфи 4 сол ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки бо назардошти вазъи иқтисоди дохилӣ ва камбуди маблағ дар миқёси ҷаҳон, […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар мавриди шарҳи нуктаи паёми президенти Тоҷикистон перомуни дар зарфи 4 сол ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардидани ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки бо назардошти вазъи иқтисоди дохилӣ ва камбуди маблағ дар миқёси ҷаҳон, қонеъ сохтани талаботи кишвар ба нерӯи барқ ҳатто баъди гузаштаи 10 сол низ ғайриимкон аст. «Ҳарчанд ояндаи наздик нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ва сипас «Сантӯда-2» низ мавриди истифода қарор гиранд ҳам, вазъи мавҷуда ба куллӣ дигаргун нахоҳад шуд, – гуфт ӯ. – Бо назардошти имконоти кишвар ва ҷой доштани мушкилот дар ҷалби сармояҳои хориҷӣ сохтмони нерӯгоҳҳои бузург, аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун дар 5-10 соли наздик номумкин аст».





           

Ҳ.Умаров мӯътақид аст, ки дар шароити кунунӣ Тоҷикистонро зарур аст, ба бунёди нерӯгоҳҳои хурд таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир созад, зеро онҳо маблағи зиёдеро тақозо надошта, инчунин дар муддати кӯтоҳ хароҷоташонро мебароранд. «Ба ҳукумат зарур аст, ки барномаи рушди энергетикаи хурдро қабул намуда, дар кишвар корхонаи истеҳсоли агрегатҳо барои нерӯгоҳҳои хурдро бунёд созад», -гуфт ӯ.




           

Профессор дар муддати се сол бо гази худӣ таъмин гардидани кишварро низ зери шубҳа мегузорад ва мегӯяд, ду ширкати бузург – Зарубежнефтегаз» ва «Тетис-Петролиум», ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ба корҳои ҷустуҷӯву иктишофи конҳои газ машғуланд, то ҳанӯз маълумоти мушаххасеро дар ин хусус гуфта наметавонанд «Чун маълумоти мушаххас мавҷуд нест, пас алҳол наметавон дар бораи пурра бо гази худӣ таъмин гардидани ҷумҳурӣ ҳарф зад», афзуд Ҳ.Умаров.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.