Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ба Душанбе меояд

Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари кории дурӯза ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таҳти сарварии Дабири кулли он – Дэвид Хоббс ба шаҳри Душанбе меояд. Чӣ тавре ки аз Вазорати умури хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди ҳайат бо мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари кории дурӯза ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таҳти сарварии Дабири кулли он – Дэвид Хоббс ба шаҳри Душанбе меояд.




Чӣ тавре ки аз Вазорати умури хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди ҳайат бо мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, раисони палатаҳои парлумон, роҳбарони вазорату идораҳо дар назар аст.



Интизор меравад, ки дар дидору гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, масоили марбут ба истифодаи захоири обиву энергетикӣ, таъмини волияти қонун, дифоъ аз ҳуқуқи инсон, мушкилоти мавҷудаи ҳамкорӣ ва амнияти минтақавӣ, таҳкими марз, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.