Агар деҳқонони тоҷик бо нархи кунунии ҷаҳонӣ нахи пахтаашонро фурӯшанд, 50 млн. сомонӣ хисорот хоҳанд бардошт, – назари коршинос

               Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 140 млн. сомонии қарзи соли гузашта ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз ҷониби бонкҳо ҷудогардида то имрӯз беш аз 64 млн. сомонӣ баргардонида шуд.                Тавре сардори раёсати иқтисод ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҶТ Сафар Маҳмадиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, айни замон беш аз 101 ҳазор тонна […]

Мавҷуда Ҳасанова



              

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 140 млн. сомонии қарзи соли гузашта ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз ҷониби бонкҳо ҷудогардида то имрӯз беш аз 64 млн. сомонӣ баргардонида шуд.





              

Тавре сардори раёсати иқтисод ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҶТ Сафар Маҳмадиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, айни замон беш аз 101 ҳазор тонна нахи пахта дар корхонаҳои коркарди пахта нигаҳдорӣ карда мешавад. «Агар деҳқонони тоҷик бо нархи кунунии ҷаҳонӣ нахи пахтаашонро фурӯшанд, 50 млн. сомонӣ хисорот хоҳанд бардошт, зеро дар бозори ҷаҳонӣ бар асари бӯҳрони молӣ ва коҳиши талабот арзиши ин навъи маҳсулот поин рафтааст», – гуфт ӯ.




              

Дар мавриди самаранокии механизми нави маблағгузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ номбурда гуфт, «агар бӯҳрони молӣ рух намедод, соли равон кишоварзон даромади хуб мегирифтанд. «Ғайр аз ин, агар бӯҳрони молӣ ба вуқӯъ намепайваст, хоҷагиҳо имрӯз ба маблағгузорӣ ҳам ниёз намедоштанд», – афзуд С.Маҳмадиев.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.