Ахири моҳи апрел дар Душанбе Ҷашнвораи гурӯҳҳои мусиқии ҷази кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад

         Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Тоҷикистон аз 30-юми апрел то 3-юми май бо иштироки гурӯҳҳои мусиқии ҷази кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷашнвораи мусиқии ҷаз баргузор мегардад.          Чӣ тавре ки сардори хадамоти матбути Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷашнвора гурӯҳҳои ҷаз аз шаҳрҳои Тошканд, […]

Мавҷуда Ҳасанова



        

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Тоҷикистон аз 30-юми апрел то 3-юми май бо иштироки гурӯҳҳои мусиқии ҷази кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷашнвораи мусиқии ҷаз баргузор мегардад.





        

Чӣ тавре ки сардори хадамоти матбути Вазорати фарҳанги ҶТ Анвар Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷашнвора гурӯҳҳои ҷаз аз шаҳрҳои Тошканд, Бишкек, Алмаато ва Боку ширкат хоҳанд варзид. «Тоҷикистонро гурӯҳҳои «Авеста»-и Ҷасур Халилов ва «Мизроб»-и Аҳмад Бақоев намояндагӣ мекунанд», – гуфт ӯ.




        

Ба гуфтаи А.Юсуфов, барномаҳои консертии ҷашнвора дар толори консерваторияи ба номи Т.Сатторов ва театри драмавии русии ба номи Маяковский доир хоҳанд гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.