Беқурбшавии сомонӣ дар шароити бӯҳрон раванди ногузир аст ва мебояд ба он оромона муносибат кард, – назари коршинос

            Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Беқурбшавии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар шароити бӯҳрон раванди ногузир аст ва мебояд ба он оромона муносибат кард», – изҳор дошт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси масоили низоми бонкдорӣ Ҷамшед Раҳмонбердиев.             Номбурда гуфт, ин марҳилаи дуввуми беқурбшавии асъори миллӣ нисбат ба асъори захиравии ҷаҳонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



           

Душанбе. 24-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – «Беқурбшавии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар шароити бӯҳрон раванди ногузир аст ва мебояд ба он оромона муносибат кард», – изҳор дошт дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси масоили низоми бонкдорӣ Ҷамшед Раҳмонбердиев.





           

Номбурда гуфт, ин марҳилаи дуввуми беқурбшавии асъори миллӣ нисбат ба асъори захиравии ҷаҳонӣ аст ва дар марҳилаи аввал он то андозаи 10 дарсад поин рафта буд. «БМТ дар чунин шароит аз рӯи нақша қурби сомониро нисбат ба асъори миллии шарикони асосии мо – Русияву Қазоқистон танзим месозад, то ки молҳои ватанӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори хориҷӣ рақобатпазир бошанд», – мегӯяд ӯ.




           

Ба гуфтаи ӯ, заъиф шудани асъори миллӣ хароҷоти истеҳсолкунандагони ватаниро ба қувваи корӣ камтар месозад, вале сарфи назар аз он, оқибатҳои беқурбшавии асъори миллӣ ба иқтисоди кишвар ва музди меҳнати аҳолӣ таъсири манфӣ расонида, имконоти харидории аҳолӣ бамаротиб поин меравад.



Ҷ.Раҳмонбердиев болоравии арзиши чанде аз маҳсулоти истеҳсоли ватаниро бар асари беқурбшавии асъори миллӣ аз эҳтимол дур намедонад.




           

Коршинос афзуд, рӯзҳои ахир оид ба беҳбуди вазъ дар ИМА хабарҳои аввалин интишор гардиданд ва агар ояндаи наздик вазъи иқтисодиву молиявии ҷаҳон усутвор гардад, пас аз ду-се сол вазъи Тоҷикистон низ рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.